Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зеленский дар бораи иштирокаш дар интихоботи президентӣ изҳороти аҷиб кард

Зеленский гуфт имкон дорад номзадии худро дар интихоботи президентӣ пешниҳод кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Владимир Зеленский эътироф кард, ки метавонад барои мақоми президентӣ дар Украина номзад шавад.
Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо нашрияи "Český rozhlas" изҳор дошт.
"Ман намедонам. Ин аз он вобаста аст, ки ин ҷанг чӣ гуна ба охир мерасад", - гуфт ӯ.
Зеленский афзуд, ки баъзан дар бораи номзадии дубора ба курсии президентӣ фикр мекунад.
Дар аввали моҳи декабр, пас аз он ки президенти ИМА Доналд Трамп зарурати баргузории интихоботи президентӣ дар Украинаро эълон кард, Зеленский омодагии худро барои ислоҳи қонунҳо эълон кард ва ба парлумон дастур дод, ки лоиҳаи қонунро бо мӯҳлати аз 60 то 90 рӯз таҳия кунад. Аз он вақт инҷониб, ӯ барои баргузории интихобот шартҳои иловагӣ, аз ҷумла оташбасро пешниҳод кардааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Онҳоро нобуд кунед": ИМА дар бораи Украина изҳороти тунд кард
Мӯҳлати ваколати Зеленский 20 майи соли 2024 ба охир расид. Интихоботи президентии Украина дар соли 2024 бо сабаби вазъияти низомӣ ва сафарбаркунии умумӣ бекор карда шуд.