“Ангури президентӣ”: дархости Путин барои афзойиши содироти ангури Тоҷикистон

Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон аз афзоиши тақозои хориҷӣ ба ангури Тоҷикистон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Қисмати умдаи содироти ангури Тоҷикистон ба Русия рост меояд.
Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Агентии содироти Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, пас аз сафари раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар моҳи октябр ниҳодаш аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастуру супориш гирифт, ки содироти ангур ба Русияро афзойиш диҳанд.
“Вақте ки раисҷумҳури Русия ба ангурбоғҳои ноҳияи Турсунзода сафар доштанд, дархости бениҳоят ҷиддӣ карданд, ки содироти ангурро ба Русия афзойиш диҳем. Ва чунин ҳам шуд”, - гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Тибқи иттилои Агентии содироти Тоҷикистон, дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2025 Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт” – и Агентии содирот дар ҳаҷми 1 ҳазору 797,6 тон ё маблағи 4,1 миллион сомонӣ ба Русия ангур содирот кард. Дар умум дар соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия ангури тару тозаву хушк дар ҳаҷми 5 ҳазору 522,8 тон ба маблағи 3,4 миллион доллар содир шудааст.
Тоҷикистон мехоҳад содироти ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзиро ба Русия афзоиш диҳад
Директори Агентии содироти Тоҷикистон гуфт, ҳамкориҳои ин ниҳод бо Русия пас аз мулоқоти раҳбарони ду давлат ба сатҳи нав баромаданд ва ҳамкориҳои густарда шуруъ шудааст.
“Моҳи декабри соли гузашта намояндагони мо ба Русия сафари корӣ анҷом дода, бо намояндагони мақомоти марбутаи давлатӣ ва бахши хусусӣ шартномаҳои кафолатнок ба имзо расонданд. Ба ин тавофуқ расидем, ки як корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия ва маркази агрологистикӣ барои харидорӣ, бандубаст, захира ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади содироти минбаъдаи он ба Русия таъсис ёбад”, - гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Тибқи иттилои Агентии содироти Тоҷикистон, фақат “Тоҷагропромэкспорт” – и Агентӣ ба Русия 2 ҳазору 970,5 тон ба маблағи 15 миллиону 869 ҳазору 323 сомонӣ ангур содир кардааст.
Дар маҷмуъ дар соли 2025 аз Тоҷикистон 32,2 ҳазор тон ба маблағи 8,9 миллион доллар ба хориҷи кишвар ангур содир шудааст, ки дар қиёс бо соли 2024 3,3 миллион доллар (59,8%) зиёд аст ва муштариёни ангури Тоҷикистон умдатан кишварҳои Русия, Қазоқистон, Покистон, Ӯзбекистон, Ироқ, Қирғизистон, Эстония ва Аморати Муттаҳидаи Араб будаанд.