Афғонҳо пешсаф: Боздошти 22 шаҳрванди хориҷӣ дар Тоҷикистон барои воридоти маводи мухаддир

Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта аз шаҳрвандони хориҷӣ 275 кг маводи нашъадор ошкор ва мусодира гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Соли гузашта 22 шаҳрванди хориҷӣ барои воридоти маводи мухаддир ба Тоҷикистон дастгир шудаанд
Дар ин бора директори Агентии назорати маводи нашъаовар, генерал-майор Самад Зафар дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
“Аз шаҳрвандони хориҷӣ 275 кг маводи нашъадор ошкор ва мусодира гардид”, - гуфт ӯ.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовар, гуфт бештар кадом шаҳрвандони хориҷӣ дастгир ва чӣ қадар маводи мухаддир аз онҳо мусодира шуджааст.
Ба иттилои ин ниҳод соли 2025 9 шаҳрванди Афғонистон (99 кг), 8 шаҳрванди Ӯзбекистон (131 кг), 4 шаҳрванди Қазоқистон (44 кг) ва як шаҳрванди Молдова (4 грам) боздошт шудааст.
Ин дар ҳолест, ки оқои Самад Зафар нагуфт, ки ин шаҳрвандони хориҷӣ чӣ ҷазо гирифтаанд.
Дар Тоҷикистон гардиши маводи нашъаовар якбора афзудааст
Ёдовар мешавем, ки соли 2024, тибқи иттилои оҷонсӣ, дар кишвар аз 14 шаҳрванди хориҷӣ 270 кг маводи нашъадор мусодира шуда буд.
Ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовар соли гузашта 5 тоннаву 280 кило маводи мухаддир мусодира шуд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2024 21% ва ё 898 килою 835 грам зиёд аст.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон афзуд, ки дар ин давра гардиши моддаҳои психотропи бештар шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, аз миқдори умумии мусодирашуда, 253 килою 417 грамро моддаҳои психотропӣ ташкил медиҳанд, нисбат ба соли 2024-ум 142 кило ва ё тақрибан 2 маротиба зиёд мебошад.
Аз ин 247 кило ё 97% метамфетамин будааст, ки назар ба соли қаблияш 2,3% ё 141 кг бештар мебошад.