Бовар накунед: Вазорати хабари хона ба хона гаштани табибони ношиносро дурӯғ хонд

Вазорати тандурустӣ аз шаҳрвандони мамлакат даъват кардааст, ки ба чунин хабару овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Овозаҳо дар бора гаштугузори як гуруҳ табибони ношинос миёни аҳолии Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад.
Дар ин бора Вазорати тандурустии кишвар изҳороти расмӣ дода, таъкид кардааст, ки паҳн кардани чунин овозаву ҳангомаҳои бардурӯғ танҳо бо мақсади дар таҳлука афтонидани шаҳрвандон аз ҷониби афроди ғаразнок ва манфиатҷӯ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳоло дар шабакаи иҷтимоии “Вотсап” сабти овозии як зане, ки шахсияташ номаълум мебошад, доир ба фаълияти як гурӯҳ табибони номаълум ва паҳн кардани бемории хавфноке дар кишвар дар гардиш қарор дорад.
Ин зан иддао мекунад, ки гуё имрӯзҳо дар Тоҷикистон як гурӯҳ худро табиб гуфта, бо либосу лавозимоти тиббӣ ва бо баҳонаҳои санҷидани вазъи саломатии шаҳрвандон хона ба хона гашта, бо ин роҳ кадом бемории сироятро паҳн мекардаанд.
Вазорати тандурустӣ овозаҳо дар бораи "зарар" -и доруи русиро рад кард
Дар идомаи сабти овозии хеш ин зан иброз медорад, ки гӯё дар вилоятҳои мамлакат “ҳолати изтирорӣ” эълон гардида, одамони зиёде тақсим гаштаанд, ки дар натиҷа кадом беморӣ ва ё сироятеро паҳн менамудаанд.
“Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қотеъият иброз медорад, ки хабари мазкур асоси воқеӣ надошта, дар кишвар ҳеҷ гурӯҳи номаълуми табибон фаъолият намекунад”,- таъкид кардааст Вазорат.
Ин ниҳод таъкид менамояд, ки табибони оилавии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии кишвар тибқи тартиби муқарраргардида баҳри гузаронидани иммунизатсия, назорати занони ҳомила ва дигар корҳои ба фаъолияташон алоқаманд дар минтақаҳои барояшон вобастагашта пайваста хона ба хона гардиш анҷом медиҳанд, ки дар навбати худ сокинон табибони маҳаллаи худро хуб мешиносанд.
Вазорати аз шаҳрвандони мамлакат даъват кардааст, ки ба чунин хабару овозаҳои бардурӯғ бовар накарда, дар ҳолати пайдо шудани масъалаҳои хеш доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ саривақт ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.