ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон дар назди ширкати энержии "Барқи тоҷик" боз 86 миллиону 577 ҳазор сомонӣ афзудааст.
Дар ин бора ба хабарнигорон директори ин ниҳод Давлатзода Зафарбек зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, арзиши барқи истифодашуда 132 млн. 836 ҳазор сомонӣ ва пардохти он 46 млн 259 ҳазор сомониро ташкил медихад, ки нисбати соли гузашта 10 млн. 121 ҳазор сомонӣ зиёдтар мебошад.
Ҳамакнун бо иловаи қарзи ду соли қаблӣ ин ниҳод барои ситифода барқ дар назди "Барқи тоҷик" ба 272 млн. 313 ҳазор сомонӣ расидааст.
Ин ниҳод мегӯяд, ки дар соли гузашта ба аҳолӣ бо арзиши 181 млн. 303,9 ҳазор сомонӣ (нисбати соли гузашта 2,0 млн. сомонӣ зиёд) хизмати обрасонӣ намудааст.
Дар ҳамин ҳол истифодабарандагони об дар ин давра ба маблағи 83,7 млн сомонӣ ё ин ки ҳамагӣ ба андозаи 46 фоизи арзиши оби додашуда пардохт карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 19 млн. 917 ҳазор сомонӣ зиёдтар мебошад.
"Истифодабарандагони об ҳаққи хизмати обрасониро пурра ва саривақт пардохт накарданд, бақияи қарзи пардохт нагардидаи ҳаққи хизмати обрасони дар давраи ҳисоботӣ 97 млн. 654,9 ҳазор сомонӣ ва бо дарназардошти қарзи солҳои пеш 388 млн. 287 ҳазор сомониро ташкил менамояд, бо ин сабаб қарзҳои дебиторӣ 88,2 млн.сомонӣ афзоиш ёфта, бақияи он бо дарназардошти солҳои пеш 416,6 млн. сомониро ташкил менамояд",- афзудааст Давлатзода.
Ин ниҳод бо мақсади рўёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура аз ҷониби Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ 47 млн. 518,5 ҳазор сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, ба фоидаи Идораҳои Агентӣ ба маблаѓи 7,9 млн сомонӣ руёнида шудааст.
Афзоиши қарзи барқи Агентӣ дар ҳолест, ки соли 2023 ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор 467 миллион сомонӣ қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ пеши “Барқи тоҷик” – ро аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ҷуброн кард. Аммо бо гузашти се сол Агентӣ дигарбора яке аз бузургтарин қарздорон аз ҳисоби барқ аст.