Бӯйи баҳор мерасад: Таҷлили ҷашни Сада дар Душанбе - Видео

Дар пойтахти Тоҷикистон дар боғи Фирдавсӣ фестивали беназир бо таърихи қадима баргузор шуд, ки дар он сокинони маҳаллӣ тавонистанд зимистонро бо услуби зебо гусел намоянд
Sputnik
Дар Душанбе ҷашни пуршукӯҳи Сада баргузор шуд, ки дар он хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ширкат варзид.
Сокинон ва меҳмонони пойтахтро бо либосҳои миллӣ дар боғи ба номи А. Фирдавсӣ истиқбол гирифтанд.
Меҳмонон тавонистанд маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, ниҳолҳо ва тухмиҳоро харидорӣ кунанд.
Номи ҷашни Садаро маъмулан ба рақами сад, яъне панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб то Наврӯз рабт медиҳанд, аммо ба андешаи баъзе донишмандони дигар Сада аз вожаи "санд"-и авестоӣ гирифта шуда, маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир гардиданро ифода мекунад, ки иртибот ба равшанию гармӣ дорад.
Бо оташбозӣ ва рақс: чӣ гуна дар ҷашни Сада дар Душанбе зимистонро гусел карданд: Акс
Сада қабл аз ҳама ҷашни деҳқонон буда, бо пешаи кишоварзӣ робитаи мустақим дорад.
Яъне Сада гардиши табиат ба сӯйи Наврӯз ва омодагӣ ба кишту кори баҳорист, хулоса кард президент.