ДУШАНБЕ, 30 янв - Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон барқи офтобиро аз авомили муҳимми аз миён бурдани лимити барқ арзёбӣ кардааст, дарке, ки аз нигоҳи коршиносон бояд пештар сурат мегирифт, аммо имрӯз ҳам дер нашудааст.
Далер Ҷумъа, вазири энерживу захираҳои оби Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, барқи офтобӣ ҷузъи ҷудонашавандаи соҳаи энержии кишвар арзёбӣ мешавад.
“Қабл аз ҳама, рушди соҳаи барқи офтобӣ таъсири тағйири гармшавии иқлимро ба манобеъи об коҳиш хоҳад дод”, - гуфт Далер Ҷумъа.
Парлумони Тоҷикистон ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта воридоту арзаи панелҳои хуршедӣ ва ҳамчунон қитаъоти эҳтиётиву аҷзои онҳоро то соли 2031 аз молияи арзиши иловагӣ озод карда буд.
Ҳамзамон биноҳое, ки ин панелҳо рӯи онҳо насб шудаанд, низ аз молияи амлок барои панҷ сол озод шудаанд.
Вазири энерживу захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ҳукумат бар ивази он ки тамоми пардохтҳои давлатиро аз воридоти панелҳои офтобӣ лағв кард, вазорати энерживу захираҳои об дар ҳоли таҳия кардани қоидаҳои воридшавии манобеъи барқароркунандаи энержӣ аз ҳисоби аҳолӣ аст.
"Он ҷо иловатан ба мардум имтиёз хоҳем дод, масалан, агар дар як соат 4 квт барқ истеъмол мекунанду тавлидашон аз он боло аст, ҳамон барқи зиёдатиро “Шабакаҳои тақсимоти барқ” харидорӣ хоҳад кард. Мо манфиадорем, ки мардум бештар панелҳои офтобиро васл кунанд”, - гуфт Далер Ҷумъа.
Бино ба маълумоти ӯ, тибқи барномаҳои ҳукуматӣ, тавлиди барқ дар Тоҷикистон то соли 2030 бояд ба 36 миллиард квт/соат афзойиш ёбад ва 10% ё 3,6 миллиард квт/соати онро барқи офтобиву бодӣ ташкил хоҳад дод.
"Мо барои афзойиши иқтидори энержии кишвар ба маблағи ҳудуди 1,5 млрд доллар чандин барномаро таҳия кардаем, ки бунёди нерӯгоҳҳои барқи офтобии давлативу хусусӣ низ дар қатори онҳо қарор доранд”, - гуфт вазири энерживу захираҳои оби Тоҷикистон.
Зоҳиран пас аз вазъи сабукиҳои молӣ дар воридоти панелҳои офтобӣ бозори насби онҳо дар саросари Тоҷикистон авҷ гирифтааст.
Мақомот то ба ҳол ягон омореро дар мавриди шумораи воридоти панелҳои офтобиро ироа надодаанд, аммо он чӣ аз муҳтавои эълону рекломи ширкату афроди машғул бо насби онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, мардуми кишвар иқдом кардаанд мушкили маҳдудияти расмӣ ё лимити барқро худ ҳал кунанд.
Коршиносон соҳаи энержӣ мегӯянд, иқдомоти ҳукумати Тоҷикистон дар тавсеаи тавлиди барқи офтобӣ хеле дер гирифта шуданд, аммо ҳанӯз ҳам бо ҳодд мондани мушкили бебарқӣ, ки паёмадҳои сиёсиву иқтисодӣ низ дар пай дорад, ҳар чӣ анҷом мешавад, ба хайри кишвару мардумаш хоҳад буд.
Зокир Одилхӯҷаев, собиқ корманди соҳаи барқ, мегӯяд, дар гузашта бархе бар ин назар буданд, ки агар мардум ба истифодаи барқи офтобӣ гузарад, барқи обии дохилӣ бидуни харидор мемонад.
"Ин фикр ба бунёд иштибоҳ буд, зеро барқи обӣ беҳтарин энержӣ барои рушди иқтисод, аз ҷумла гардондани корхонаҳои бузург ба монанди “Талко” аст ва арзон будани он сармоягузорони хориҷиро ҳавасманди кор дар Тоҷикистон мекунад”, - гуфт Зокир Одилхӯҷаев.
Иддаи дигар аз коршиносон бар ин назаранд, ки ҳар тағйир бо фароҳам шудани шароити хос меояд ва он гуна ба назар мерасад, шароити Тоҷикистон, балки тамоми дунё, тоза мусоид шудааст.
Аз нигоҳи онҳо, ривоҷи истифодаи барқи офтобӣ дар ниҳоят ба таври комил ҳам набошад, мушкили бебарқиро, ки қариб се даҳсола ба ин сӯ дар Тоҷикистон доғ шуда буд, аз байн хоҳад бурд.