Маблағгузории маориф дар Тоҷикистон беш аз 5 баробар зиёд шуд

Соли равон аз ҳисоби буҷаи давлатӣ қариб 14 млрд сомонӣ барои соҳа пешбинӣ гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 янв - Sputnik. Маблағгузории маориф дар Тоҷикистон тайи даҳсолаи охир беш аз 5 баробар зиёд шудааст.
Соли 2026 аз ҳисоби буҷаи давлатӣ қариб 14 млрд сомонӣ барои соҳа пешбинӣ гардидааст.
Ин миқдор, нисбат ба соли 2025-ум 25,4% ва нисбат ба соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад, иттилоъ дод Вазорати маорифи Тоҷикистон.
Дар баробари ин, Тоҷикистон маблағгузории ғизои мактабӣ дар кишварро низ, афзоиш додааст.
Бо ин мақсад, соли 2025 аз ҳисоби буҷаи давлатӣ 18,8 млн сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли пешӣ 60% зиёд мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз маблағгузорони асосии ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон аз тариқи барномаи СММ мебошад.
Дар баробари ин, соли 2025 ба зинаи таҳсилоти томактабӣ дар Тоҷикистон қариби 607 млн сомонӣ равона шуд, ки нисбати соли пешӣ 22% зиёд мебошад.
Русия интиқоли китобҳои дарсиро ба Тоҷикистон идома медиҳад
Барои таҳсилоти умумӣ 6,2 млрд сомонӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 576 млн сомонӣ ва таҳсилоти олии касбӣ беш аз 1,5 млрд сомонӣ равона шуда буд.