"Роғун" қарзашро канд? Қарздорони асосӣ аз барқ эълон шуданд

Маблағи қарзи дебитории барқ дар Тоҷикистон бо назардошти қарзҳои солҳои пешин ба 3 млрд 634,8 млн сомонӣ расид, гуфт вазири энергетика ва захоири оби кишвар
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 янв - Sputnik. Вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа қарздорони асосӣ аз барқро номбар кард, ки миёни онҳо НБО "Роғун" номбар нашудааст.
Ҳамин тавр бино ба гузориши вазир, аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 1,1 млрд сомонӣ аз пули барқ қарздоранд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷойи дуввум дар рӯйхати қарздорони “Барқи тоҷик” ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 823 млн сомонӣ ва сеюм Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 279 млн сомонӣ меистад.
Ҳамчунин қарзи корхонаю хоҷагиҳои кишоварзӣ бошад, 246 млн сомонӣ ва дигар корхонаҳо 1,1 млрд сомониро ташкил додааст, афзуд вазир.
Дар баробари ин номи "Роғун" дар феҳристи қарздорон номбар нашудааст. Қарзи ин нерӯгоҳ ба ҳолати 1 июли соли гузашта 53,5 млн сомониро ташкил дод, ки нисбати аввали сол 39 млн сомонӣ зиёд буд.
Дар баробари ин, ҷамъоварии маблағ аз бозори дохилӣ 92,6% ё 6,5 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 (91,1 %) ба маблағи 1,6 млрд сомонӣ ё 33% зиёд мебошад.
Харидорони асосии барқи Тоҷикистон маълум шуд: кӣ дар ҷои аввал
Ҷамъоварӣ аз ҳисоби аҳолӣ дар соли 2025 100% (2,4 млрд сомонӣ) ва истифодабарандагони бахши саноат ва тиҷорат ба истиснои ҶСК "Ширкати Алюминийи Тоҷик" 98% (3,5 млрд сомонӣ) таъмин гардидааст.
Маблағи қарзи дебитории барқ дар Тоҷикистон бо назардошти қарзҳои солҳои пешин ба 3,6 млрд сомонӣ расид, гуфт вазир.