Харидорони асосии барқи Тоҷикистон маълум шуд: кӣ дар ҷои аввал

Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар фурӯши барқи Тоҷикистон дар соли гузашта ба хориҷ афзоиш ёфтааст. Дар ҷои аввал аз рӯи содирот Афғонистон қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 янв - Sputnik. Соли 2025 Тоҷикистон ба ҳаҷми 5 млрд 356,1 млн кВт·соат барқ содир кардааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 ба андозаи 1 млрд 454,4 млн кВт·соат ё 37,3% зиёд аст, афзудааст Вазорати энергетика.
Аз ин миқдор, содироти тиҷоратии энергияи барқ 2 млрд 666,4 млн кВт·соат ё 912,8 млн сомониро (аз ҷумла, 5,1 млн кВт·соат ё 2 млн сомонӣ аз ҳисоби ҶСК "Помир Энерҷӣ") ташкил дода, нисбат ба соли 2024 ба андозаи 188 млн кВт·соат ё 7,6% зиёд мебошад.
Таъкид шудааст, ки беш аз 90% нерӯи барқ дар давраи зиёд гардидани резиши об дар моҳҳои апрел-сентябр содир шудааст.
Бино ба гузориши Вазорати энержии Тоҷикистон Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон харидорони асосии барқи тоҷик мебошанд.
Ин кишварҳо ба қимати 913,3 млн сомонӣ аз Тоҷикистон барқ харидаанд.
Фурӯши барқ ба хориҷ чунин аст:
Афғонистон – 1 млрд 760,3 млн кВт·соат ба маблағи 742,3 млн сомонӣ;
Ӯзбекистон – 894,7 млн кВт·соат ба маблағи 169,8 млн сомонӣ;
Қирғизистон – 11,5 млн кВт·соат ба маблағи 1,2 млн сомонӣ.
Ин муддат дар ҷумҳурӣ 23 млрд 982,6 млн кВт·соат барқ истеҳсол шудааст. Ба гузориши Вазорати энергетика, ин нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 1 554,9 млн кВт·соат ё 6,5 % зиёд мебошад.
"Барқи тоҷик": Поин рафтани сатҳи об дар обанбори Норак идома дорад
Ба гуфтаи масъулони вазорати энергетика, афзоиши тавлидот дар натиҷаи фаъолияти муассири ширкатҳои энержӣ ва иҷрои як қатор тарҳҳои бузург дар ин соҳа будааст.