Таъсиси боз як ширкати ҳавоии дигар “Шоҳин Эйр” дар Тоҷикистон

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон мегӯяд, ки ширкати нави ҳавопаймоии "Шоҳин Эйр" як ширкати хусусӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв - Sputnik. Ширкати нави ҳавопаймоии "Шоҳин Эйр" дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Ҳабибулло Назарзода, раиси Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки айни замон ин ширкат дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки қароргоҳ ва дафтари кориаш дар он ҷо мебошад, ҷойгир шудааст.
Вай изҳор дошт, ки ширкати ҳавопаймоӣ чор моҳ пеш ба қайд гирифта шудааст ва айни замон дар бораи харидории ҳавопаймоҳо гуфтушунид дорад.
Оқои Назарзода афзуд, ки Ширкат чархболҳо дорад, ки айни замон дар фурудгоҳи Душанбе қарор доранд. Дар моҳи август як ҳавопаймои L-410 ба порки "Шоҳин Эйр" мепайвандад.

"Шоҳин Эйр" ва Агентии авиатсияи гражданӣ низ бо Airbus ва инчунин Boeing дар бораи харидории ҳавопаймоҳо гуфтушунид мекунанд, ки аз онҳо дар оянда ду ҳавопаймо харидорӣ хоҳад шуд”, - гуфт Назарзода.

Вай иловва кард, ки ширкати "Шоҳин Эйр" як ширкати хусусии ҳавопаймоӣ аст.
Мақомот: Ҳоло ширкати "Тоҷик Эйр" аз ягон ширкати хориҷӣ қарздор нест
Роҳбари Агентии авиатсияи гражданӣ инчунин хабар дод, ки нархи чиптаҳои ҳавопаймо коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи вай, нархи чиптаҳои ҳавопаймо аз ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон 25-30% коҳиш ёфтааст.
Назарзода таъкид кард, ки ин бо шарофати 40% тахфифи хидматрасонии фурудгоҳҳои кишвар ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ, инчунин афзоиши шумораи парвозҳо тибқи сиёсати "осмони кушод" имконпазир гардид.
ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоии ба қайд гирифта шудааст: ширкати "Сомон Эйр", бузургтарин ширкати хусусии ҳавопаймоии кишвар, тақрибан шаш ҳавопаймои "Боинг"-ро истифода мебарад ва нақша дорад, парки ҳавопаймоҳои худро васеъ кунад ва ширкати миллии "Тоҷик Эйр".