ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Ба имзо расидани созишномаи тиҷорати озод байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Ҳиндустон шароити мусоидро барои таъминкунандагони русӣ дар бозори Ҳиндустон баробар мекунад.
Дар ин бора Вазорати рушди иқтисодии Русия ба нашрияи "Известия" хабар додааст.
"Мо боварӣ дорем, ки бастани созишнома байни ИИАО ва Ҳиндустон на танҳо тиҷорати мутақобилаи моро бо Деҳлии нав гуногун ва густариш медиҳад, балки инчунин барои содиркунандагони Русия дар бозори Ҳиндустон майдони мусоид фароҳам месозад", - таъкид кард вазорат.
Ба иттилои вазорати рушди иқтисод, қайд кард, ки гузаронидани музокироти мувозӣ бо шарикони сершумор як амалияи маъмулӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (русӣ ЕвроАзэс) – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.