ДУШАНБЕ, 27 янв - Sputnik. Қабл аз ин байторон барои гузаронидани ваксина ба ҳайвоноти хонагӣ маблағ мегирифтанд.
Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, маблағе, ки мардум то оғози соли равон ба байторон пардохт мекарданд, на пули ваксина, балки ҳаққи хидмати онҳо буд, ки шуруъ аз соли равон ин ҳақмузд низ лағв шуд.
“Мо бо фармони махсус ба тасвиб расондем, ки ба хотири солимӣ ва эминии чорвои мардум байторон, бахусус, барои гузаронидани ваксина барои маризиҳои хатарнок, аз ҷумла ҳорӣ, буғумдард, сӯхтанӣ, ҳаққи хизмат нагиранд. Муҳим чорвои мардум солим бошад”, - гуфт Муҳаммадсаид Файзуллозода.
Вай афзуд, ваксинаҳои харидоришуда ба ниҳодҳои маҳаллии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру навоҳӣ тавзеъ шуда, идомаи корҳоро байторон иҷро мекунанд.
“Фаъолияти байторон пурра таҳти назорат қарор дошта, натиҷаи кори онҳо бо далелу мадорик мустанад мешавад”, - гуфт раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон.
Тибқи иттилои Кумита, соли гузашта 662 ҳазору 700 чорвои хурду бузург аз ташхиси байторони ин ниҳод гузаронида шуда, 1068 сар чорвои мариз, аз ҷумла буғумдард (710), сӯхтанӣ (4), ҳорӣ (285) ва хламидиоз (168), ошкор шудаанд.
Дар соли 2025 ба маблағи 4 миллиону 800 ҳазор доллар аз ҳисоби фонди ҳукумати Тоҷикистон ва 200 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби захираҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ваксинаи ҳайвоноти хонагӣ харидорӣ шудааст.