ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон танҳо 100 кони канданиҳои фоиданок мавриди истифода қарор доранд. Дар ҳоле, ки 800 кони металлҳои нодир ва қиматбаҳо, аз ҷумла мис, нуқра, тилло, сурб, литий, сурма, никел, волфрам, ванадий ва дигар кашфу барои аз худ намудан қисман омода карда шудаанд, зикр шудааст дар "Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2026 - 2030".
Дар доираи ин барнома Тоҷикистон азм дорад, ба соҳа сармояи бештар ҷалб кунад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ саноати коркарди маъдан босуръат рушд карда, ашёи хоми ин соҳа ба маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон табдил ёфтаанд. Дар зимн ҷумҳурӣ тавлиди металҳои гаронбаҳоро низ зиёд кардааст. Аз ҷумла истеҳсоли тило ва нуқра дар муқоиса бо соли 1991 ҳудуди 7 баробар зиёд шудаанд.
Ин болоравӣ дар ҳолест, ки нархи тилою нуқра дар бозорҳои ҷаҳонӣ рекордшиканӣ доранд. Аз ҷумла қимати як унсия тило, ки муодили 31 грам мебошад, аз 5,1 ҳазор доллар ва як унсия нуқра аз 109 доллар гузашт, бармеояд аз додаҳои биржаи Comex.
Дар шароити гароншавии металҳо дар ҷаҳон рушди соҳаи маъдан дар ҷумҳурӣ метавонад аз муҳаррикҳои аслии иқтисоди кишвар гардад, изҳор медоранд коршиносон.