ДУШАНБЕ, 27 янв— Sputnik. Табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли гузашта 24,8% афзоиш ёфта, ба 2,47 миллиард доллар расидааст.
Дар ин бора намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Александр Рибас, дар нишасти маҷозӣ, ки дар мавзуи "Тоҷикистон: Натиҷаҳои соли 2025 ва нақшаҳо барои соли 2026. Чорабиниҳо ва намоишгоҳҳои асосӣ дар кишвар" бахшида шуджа буд, хабар дод.
"Афзоиши асосӣ аз ҳисоби содироти маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои муҳандисӣ аз Русия ба Тоҷикистон сурат гирифтааст, дар ҳоле ки аз ҷумҳурӣ маҳсулоти кишоварзӣ ва матоъҳо ба Русия содирот гардидааст", - қайд кард Рибас.
Дар ин нишаст беш аз 100 намояндаи тиҷорати Русия, ташкилотҳои илмӣ ва таълимӣ аз 27 минтақаи Русия, ки ба омӯхтани бозори Тоҷикистон ва афзоиши ҳаҷми содирот манфиатдор буданд, иштирок карданд.
Оқои Рибас қайд кард, ки афзоиши таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон пеш аз ҳама ба афзоиши мунтазами гардиши моли дуҷониба дар чанд соли охир вобаста аст.
Ёдовар мешавем, ки гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон то охири соли 2024 ҳудуди 1,9 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 15% бештар аст.
Қаблан дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, аз тасмими то соли 2030 2,5 баробар афзоиш додани табодули коло миёни кишварҳо хабар дода буд.