Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!

Муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки ба Федератсияи Россия мераванд, метавонанд бо наздикону пайвандон ва ҳамкорон бо шарофати хизматрасонии роуминг дар алоқа бимонанд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Бастаҳои махсус бошанд имкон медиҳанд, ки аз ҳамаи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ аллакай аз дақиқаҳои аввали иқомат дар ФР истифода бурда шавад.
Ёдрас мекунем, ки роуминг байни ду кишвар чӣ тавр кор мекунад ва бастаҳои “Россия Онлайн” ва “Россия Онлайн 2.0” чӣ бартарӣ доранд?

Аутентификатсияро чӣ тавр бояд гузашт

Инак, шаҳрванди Тоҷикистон вориди фурудгоҳи Россия шуд. Ҳангоми бақайдгирии SIM-корт дар шабакаи шарик дар қаламрави ФР даъватҳои овозӣ ба муштарӣ дарҳол дастрас мегарданд. Аммо хизматрасониҳои СМС ва таҳвили маълумот давоми 24 соати аввал муваққатан маҳдуд мебошанд.
Барои фаъолгардонии маҷмӯи пурраи хизматрасониҳо ба муштарӣ СМС бо суроғаи махсус барои аутентификатсия ирсол мегардад. Қоидаи муҳим: ба суроғаи зерин аз ҳамон дастгоҳе, ки дар он SIM-корт истифода бурда мешавад, бояд ворид шуд. Дар давраи аутентификатсия танҳо зангҳо дастрас мегарданд.
“МегаФон Life”: замимае, ки эътимодаш доранд
Баъди 5 – 10 дақиқа пас аз анҷоми бомуваффақи раванди аутентификатсия аз нав бакордарории телефон ё фаъол ва хомӯш кардани “Авиарежим” тавсия дода мешавад. Пас аз анҷоми ин амалҳо хизматрасониҳои СМС ва таҳвили маълумот одатан ба таври автоматӣ фаъол карда мешаванд. Дар минтақаҳои алоҳидаи ФР маҳдудиятҳои муваққатӣ имконпазиранд.

“Россия Онлайн 2.0”: вақтро аз даст надиҳед!

Барои 24 соат интизор нашудан ва дарҳол аз хизматрасониҳои алоқа бидуни маҳдудият истифода бурдан, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бастаи “Россия Онлайн 2.0”-ро бо нархи 55 сомонӣ пешниҳод менамояд. Он 15 Гб трафики интернет, 15 дақиқаи зангҳоро ба рақамҳои ФР дарбар гирифта, давоми 30 рӯз амал менамояд.
Баста ба таври автоматӣ ҳангоми бақайдгирӣ дар шабакаи “МегаФон” дар Россия пайваст карда мешавад. Дар ин лаҳза тавозуни муштарӣ бояд на камтар аз 58 сомонӣ бошад ва барои истифода аз хизматрасонии "Роуминги қулай" ҳадди ақал 3 сомонии дигар лозим меояд. Ҳангоми зарурат бастаи “Россия Онлайн 2.0”-ро тавассути дархости *305*75# ё замимаи “МегаФон Life” пайваст кардан мумкин аст. Ҳамин тариқ, ҳамаи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ аз дақиқаҳои аввали иқомат дар ФР дастрас мегарданд.

“Россия Онлайн”: имконияти муносиб барои интернет

Барои муштариёне, ки асосан дар рӯзҳои аввали сафар ба интернети мобилӣ ниёз доранд, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бастаи “Россия Онлайн”-ро пешниҳод менамояд. Он 15 Гб-ро бо нархи 15 сомонӣ дарбар мегирад. Ҳаҷми трафики пешниҳодшударо давоми 30 рӯз истифода бурдан мумкин аст.
Баста барои шахсоне мувофиқ аст, ки дарҳол пас аз расидан аз алоқаи овозӣ фаъолона истифода намебаранду интернетро асосан барои паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Бастаи “Россия Онлайн”-ро тавассути дархости *305*55# ё замимаи “МегаФон Life” пайваст кардан мумкин аст.
Маълумоти муфассал дар бораи роуминг аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва пайвасткунии баста – бо суроғаи зерин. Онлайн ва дар алоқа бимонед!