ДУШАНБЕ, 27 янв - Sputnik. Рӯзномаи “Financial Times бо истинод ба манбаъҳояш хабар медиҳад, ки Украина таҳти фишори бузурге қарор гирифтааст то Нерӯҳои Мусаллаҳашро аз ҳудуди Донбасс, ки як қисмаш таҳти назораташ қарор дорад, берун кашад.
"Ҳоло ба украинҳо фишори бузурге расонида мешавад", - навиштааст рӯзнома дар истинод ба як манбаи огоҳ.
Тавре ки рӯзнома қайд мекунад, ИМА бар он ақида аст, ки Киев бояд барои ҳалли низоъ Донбассро тарк кунад, аммо Украина омода аст, ки масъалаи ҳудудиро танҳо дар сурате баррасӣ кунад, ки аз Вашингтон кафолати амниятӣ гирад.
30 декабри соли 2025, пас аз мулоқот бо президенти ИМА Доналд Трамп, Владимир Зеленский хуруҷи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро аз Донбасс рад кард.
Котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков 23 январ изҳор дошт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина бояд Донбассро тарк кунанд, ки ин шарти муҳим барои ҷониби Русия аст.
Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков қаблан хуруҷи нерӯҳои Украинаро аз Донбасс ҷузъи муҳими тамоми нақшаи сулҳ номид.