ДУШАНБЕ, 27 янв— Sputnik. Кохи Сафед хабари нашҳрияи “Financial Times”-ро, дар бораи он ки шарти аслии додани кафолати амниятӣ ба Украина ин даст кашидан Украина аз ҳудудҳои худ аст, рад кард, гуфт муовини котиби матбуоти Анна Келли.
ИМА гӯё ба Киев возеҳ гуфтааст, ки кафолатҳои амниятиро дар сурате медиҳад, ки Киев бояд аввал ба созишнома ҳудудӣ розӣ шавад ва аз қаламравҳои худ, ки ҳоло Русия онҳоро таҳти назорат гирифтааст даст кашад,хабар медиҳад Financial Times.
"Ин комилан нодуруст аст. Ягона нақши ИМА дар раванди сулҳ ин аст, ки ҳарду ҷонибро барои ба даст овардани созиш муттаҳид созад. Мутаассифона, Financial Times ба афроди бадхоҳ имкон медиҳад, ки дурӯғ гӯянд", - гуфт Келли, ки шарҳи ӯро рӯзнома нашр кардааст.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ аз мавқеи ИМА ба рӯзнома гуфт, ки Вашингтон гӯё "кӯшиш намекунад, ки Украинаро ба гузаштҳои ҳудудӣ маҷбур созад, "ва кафолатҳои амниятие, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад пешниҳод кунад, аз мавқеи ҳам Украина ва ҳам Русия вобастаанд.
Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия, 23 январ изҳор дошт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина бояд Донбассро тарк кунанд.
Вай гуфт, ин шарти муҳим барои ҷониби Русия аст. Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия, қаблан хуруҷи нерӯҳои Украиниро аз Донбасс ҷузъи муҳими тамоми нақшаи сулҳ номида буд.