Нархи барқ барои нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон аз 1 феврал гарон мешавад

Дар Тоҷикистон қимати барқ барои худравҳои барқӣ гарон мешавад, аммо мусофирон нигаронанд, ки қимати роҳкиро низ гарон хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв - Sputnik. Дар Тоҷикистон сар аз моҳи оянда нархи барқ барои нақлиёти барқӣ тағйир меёбад.
Тибқи нархномаи ҷадид, ки аз аввали феврал мавриди амал қарор мегирад, неруи барқ барои истифодабарандагони нақлиёти барқӣ, - автобус ва троллейбусҳо, ки дар тобеияти мақомоти давлатиянд 6 дирам боло меравад.
Ронандагони ин навъҳои нақлиёт бояд ба ҷойи 35 дирами ҳозира 41дирам барои ҳар кВт*соат пардохт кунанд.
Барои нуқтаҳои нерудиҳии воситаҳои нақлиёти барқӣ, ки ба фаъолияти тиҷоратӣ мансубият доранд, гаронӣ бештар таъсир мерасонад.
Дорандагони худравҳои барқиро минбаъд зарур меояд, ки 94,65 дирам барои ҳар кВт*соат супоранд. Яъне барои онҳо 14 дирам гарон шуд.
Барои воридоти имтиёзноки мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон шарт гузоштанд
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Хадамоти гумруки кишвар гуфтанд, ки минбаъд аз воридкунандагони акумуляторҳои барқӣ маблағ барои нобудсозӣ (утилизатсия) меситонанд.
Пешниҳоди лоиҳаи дахлдор дар ин бора аз ҷониби раиси Хадамоти гумрук дар ҷаласаи парлумони кишвар сурат гирифт.
Ба гуфтаи Хуршед Каримзода ин лоиҳа ба хотири таъмини амнияти экологии ҷумҳурӣ, коҳиш додан ва назоратии маҷмуии ифлосшавии муҳити зист ва таъмини муҳофизати саломатии шаҳрвандон ва пешгирии партовҳои зарарнок таҳияи шудааст. Ба гуфтаи мансабдор чунин таҷриба дар дигар кишварҳои ИДМ низ амалӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол сокинони махсусан пойтахт, ки аз хидматрасониҳои таксиҳои барқӣ бештар истифода мебаранд, аз он нигаронанд, ки ин гарониҳо ба қимати роҳкиро низ таъсир мерасонад.
Ба гуфтаи Солеҳ Карим, дар лаҳазоти фаврӣ аз хидматрасониҳои нақлиёти барқӣ истифода мебарад, чунин гарониҳо ҳатман ба ронандагон дастаке мешавад.
"Ҳоло хидматрасони чунин нақлиёт нисбат ба солҳои қаблӣ гарон аст. Қаблан агар аз рӯйи масофа маблағ мегирифтанд, ҳоло барои вақт. Дар ин тамбашавии роҳҳо барои ронанда ҳар қадар дер расад фоидаовартар аст",- гуфт оқои Карим.
Аммо ба гуфтаи Сафар ном ронандаи чуин худравҳо, пардохти ҳаррӯзаи маблағ барои ширкат, иҷора ва нигоҳубини мошин низ гарон аст, ки дар умум барои онҳо низ пели беше намемонад.
"Ҳама фикр мекунанд, ки мо пули зиёд кор мекунем, аммо агар ҳамаи ин хароҷоти моҳонаро ҳисоб кунем чизе намемонад",- гуфт ронанда.
Маврид ба зикр аст, ки бар асоси пешбиниҳо то соли 2030 талабот ба неруи барқ дар Тоҷикистон ба 25,6 млрд кВт соат баробар хоҳад шуд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2025 дар ҳаҷми 6,1 млрд кВт соат ё 31% афзоиш меёбад, мегӯяд вазири энержии кишвар.
Ба таъкиди Далер Ҷумъа, зиёд шудани талабот, пеш аз ҳама, ба рушди босуръати иқтисодиёти миллӣ, саноати коркард, афзоиши иқтидори истеҳсолии корхонаҳо, зиёд гардидани шумораи аҳолӣ ва нақлиётҳои барқӣ вобаста мебошад.