ДУШАНБЕ, 26 янв - Sputnik. Ғарб истифодаи низоми мушакии баллистикии "Орешник"-ро аз ҷониби Русия ҳамчун огоҳӣ дар бобати ҷойгиркунии воҳидҳои низомии НАТО дар Украина пас аз низоъ қабул кард.
Дар ин бора Сергей Наришкин, директори Хадамоти иктишофии хориҷии Русия, дар мусоҳиба бо РИА "Новости" изҳор дошт.
Қаблан, Наришкин дар мусоҳиба бо оҷонсӣ изҳор дошт, ки пас аз истифодаи низоми мушакии "Орешник" аз ҷониби Русия ҳангоми зарба ба як иншооти низомӣ дар вилояти Лвов, коршиносон ва мутахассисони низомии ғарбӣ эътироф карданд, ки онҳо воситаҳои низомӣ-техникӣ барои нобуд кардани “Орешник” надоранд.
"Онҳо инро, албатта, ҳамчун огоҳӣ ва эҳтиёт аз иштироки мустақими сохторҳо ва воҳидҳои низомии кишварҳои узви НАТО дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина ва ҷойгиркунии воҳидҳои низомӣ дар қаламрави таҳти назорати Украина пас аз анҷоми низоъ қабул карданд", - гуфт Наришкин.
Қаблан Вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки шаби 9 январ Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия бо истифода аз низоми сайёри мушакии "Орешник", корхонаи давлатии таъмири ҳавопаймоҳои Лвовро, ки хизматрасонии ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 ва MiG-29, ки аз ҷониби Ғарб ба Киев тӯҳфа шуда буданд, анҷом медод нобуд кард.
Инчунин паҳподҳои ҳуҷумӣ, ки дар ҳамлаҳо ба ҳадафҳои шаҳрвандии Русия истифода мешуданд, дар ин макон истеҳсол мешуд, аз кор баровард.