ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Соли 2025 аз ҳисоби буҷаи давлатӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ 4,3 млрд сомонӣ равона карда шудааст.
Дар ин бора, дар маҷлиси васеи Ҳукумат гузориш дода шудааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии президент, ин маблағ нисбат ба соли 2024 24,1% зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, ки 4,3 млрд сомонӣ ба хотири рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда равона шудааст.
"Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2025 аз ҳисоби буҷаи давлатӣ барои рушди соҳа 4,3 млрд сомонӣ равона шуд, ки нисбат ба соли 2024 24,1% зиёд мебошад", - омадааст дар гузориш.
Ҳамчунин, дар ин давра 113 муассисаи соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, 301 муассиса таъмиру азнавсозӣ карда шудааст.
Вале, бо вуҷуди ин, мушкили норасоии табибон дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳал нашудааст.
Соли 2025 дар муассисаҳои тандурустии кишвар 22 419 нафар табиб ва 64 909 нафар корманди миёнаи тиббӣ кор мекунад.
Ба гузориши Вазорати тандурустӣ, ин нишондод нисбат ба соли қаблияш 1,9 ва 2,3% зиёд мебошад.
Тибқи оморҳои пешакӣ, банд будани воҳидҳои кории табибон 94,3 ва кормандони миёнаи тиббӣ 99,7%-ро ташкил дода ба як соли пешин тахминан 0,8 ва 0,1% зиёд мебошад, вале то ҳанӯз ба 100% нарасидааст.