Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Рӯзи аввали музокироти сеҷониба дар Абу-Дабӣ: натиҷа чист?

NBC: Рӯзи аввали музокирот байни Русия, ИМА ва Украина самаранок буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Кохи Сафед рӯзи аввали музокироти сеҷониба байни Русия, Иёлоти Муттаҳида ва Украинаро самаранок арзёбӣ мекунад.
Дар ин бора, NBC бо истинод ба як мақоми маъмурияти ИМА хабар медиҳад.
"Мулоқоти сеҷониба дар Абу-Дабӣ байни Иёлоти Муттаҳида, Украина ва Русия самаранок буд", - гуфт ин мақоми амрикоӣ.
Рӯзи ҷумъа дар Абу-Дабӣ аввалин ҷаласаи гурӯҳи кории сеҷонибаи Русия, Иёлоти Муттаҳида ва Украина оид ба масъалаҳои амниятӣ баргузор шуд ва идомаи он рӯзи шанбе ба нақша гирифта шудааст.
Қаблан, ёвари президенти Русия Юрий Ушаков эълон карда буд, ки ба ин гурӯҳ намояндагони роҳбарияти Вазорати дифои Русия, таҳти роҳбарии адмирал Игор Костюков, сардори Сарраёсати Ситоди кулл, дохил мешаванд.
Пештар президенти ИМА Доналд Трамп бо Владимир Зеленский дар Швейтсария мулоқот кард. Музокирот камтар аз як соат давом кард. Роҳбари Кохи Сафед онҳоро хуб номид ва изҳор дошт, ки муколама дар бораи раванди сулҳ идома дорад.

Баррасии Нақшаи сулҳи ИМА

Аввоили моҳи декабр, раҳбари Русия Уиткофф ва Кушнерро дар Кремл қабул кард. Тарафҳо моҳияти ташаббуси пешниҳодкардаи Иёлоти Муттаҳидаро баррасӣ карданд, аммо натавонистанд ба созиш бирасанд.
Ба гуфтаи президент, Вашингтон 27 банди нақшаи аввалияро ба чор баста тақсим кард ва пешниҳод кард, ки онҳоро алоҳида баррасӣ кунанд. Чанд рӯз пас, дар Берлин мулоқоти намояндагони ИМА ва Украина баргузор шуд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленский бораи сарбозони артишаш, ки ақибнишинӣ мекунанд, нақша кашидааст
Хабар дода шуд, ки пас аз мулоқот кишварҳои Ғарб розӣ шуданд, ки кафолатҳои амниятиро монанд ба моддаи 5-уми Оинномаи НАТО пешниҳод кунанд. Охири моҳи декабр, Трамп бо Зеленский дар Флорида гуфтушунид кард. Пас аз гуфтушунидҳо, раиси Кохи Сафед гуфт, ки ду тараф дар 95%-и масъалаҳо ба созиш расиданд.
Сипас, президенти Амрико бо ҳамтои руси худ сӯҳбати телефонӣ анҷом дод, ки дар он Путин аз кӯшиши Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина барои ҳамла ба қароргоҳи ӯ хабар дод.
Ба гуфтаи ёвари президент Юрий Ушаков, дар ин сӯҳбат раиси Кохи Сафед тағйири равиши худро ба кор бо Зеленский эътироф кард. Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров шарҳ дод, ки Маскав пас аз амалҳои Киев мавқеи музокиротии худро аз нав дида мебарояд.