ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар мактабҳои Русия метавонанд аз 1 сентябр миқдори соатҳои таълими забонҳои хориҷиро кам кунанд.
Аз 1 сентябр Вазорати маориф нақша дорад, ки шумораи соатҳои таълими забонҳои хориҷиро дар синфҳои 5-7 то 408 соат коҳиш диҳад.
Дар ин бора, Алексей Лубков, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав, ба РИА Новости гуфт.
"Аз соли таҳсили 2026 сар карда, Вазорати маориф нақша дорад, ки шумораи соатҳои таълими забонҳои хориҷиро дар синфҳои 5-7 аз се соат дар як ҳафта то ду соат кам кунад, яъне ҳаҷми умумии таълими забонҳои хориҷӣ аз 510 то 408 соат кам карда мешавад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ин тадбир барои беҳтар кардани сарборӣ ба муҳассилин ва тақсимоти оқилонаи вақти онҳо зарур аст.
"Дар синфҳои 8 ва 9 забонҳои хориҷӣ мисли пештара ҳафтае се соат омӯзонида мешаванд", - хулоса кард Любков.
Тавре ки Вазорати маориф дар моҳи август хабар дод, ин тағйирот ба беҳтар кардани бори корӣ ва аз нав тақсим кардани вақти таълим нигаронида шудаанд.
Аммо, бо вуҷуди ин, омӯзиши забонҳои хориҷӣ қисми ҳатмии барномаи таълимӣ боқӣ хоҳад монд.
Ин дар ҳолест, ки сар аз 28 январи соли 2026 дар Русия қонуни федеролӣ доир ба тартиби нави мубодилаи иттилоот дар бораи кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ байни ВКД Русия ва мақомоти маорифи ин кишвар ба ҳукми амал медарояд.
Тибқи ин қонун, раванди будубоши шаҳрвандони ноболиғи хориҷӣ дар кишвари иқомат таҳти назорати мақомоти дахлдори давлатӣ қарор мегирад.