Дар Тоҷикистон наздики 73 ҳаз. бекор соҳиби ҷойи кор шуд

Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз соҳиби ҷойи кор шудани наздики 73 ҳаз. бекор хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Соли гузашта дар Тоҷикистон 280 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда фароҳам оварда шудааст.
Аз ин 73,6 ҳазор ҷойҳои кори доимӣ, 49,1 ҳазор ҷойҳои корӣ муваққатӣ ва 152,2 ҳазор ҷойҳои кории мавсимӣ мебошанд, иттилоъ дод Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Дар ин ҷода татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2027 дар соли 2025 дар сатҳи 113,4% таъмин гардидааст.
"Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои барномаи мазкур наздики 73 ҳаз. шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватанбаргашта бо ҷойҳои кории муносиб таъмин гардиданд", - омадааст дар хабарнома.
Бо мақсади мусоидат намудан ба шаҳрвандони бекор барои дарёфти ҷойҳои корӣ аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ:
929 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда,
19, 4 ҳаз. нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯ ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб гардиданд
Дар умум 148 ҳаз. шаҳрвандон аз хизматрасониҳои давлатии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бархурдор шудаанд.
Сатҳи бекорӣ дар ИИАО коҳиш меёбад, аммо дар Тоҷикистон меафзояд: тафсилот
Ҳамин тавр, тибқи гузориши Вазорат, дар соли сипаригардида аз ҷониби мақомот барои рушди соҳибкории хурд ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба 2,1 ҳаз. нафар шаҳрванди бекор, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доштанд, ба андозаи 8,8 млн сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шудааст.