ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Масири Душанбе - Чаноқ баъд аз бартарафсозии тармаҳо ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш пурра боз шуд.
Дар ин бора, ширкати роҳбонӣ IRS гузориш додааст.
Феълан ҳаракати нақлиёт пурра иҷоза дода шуда ва роҳ аз ду тараф боз аст.
"Бартарафсозии пурраи пайомади тармафароӣ идома дошта, роҳ мунтазам бо маводи зиддилағзиш коркард шуда истодааст.", - омадааст дар хабарнома.
Ёдовар мешавем, ки аз шоми рӯзи 21 январ то субҳи рӯзи 22 январ дар роҳи Душанбе - Чаноқ 29 тармаи хурду бузург фаромада роҳро баст.
Дар натиҷаи бориши пуршиддати барф баландии он дар баъзе қитъаҳо ба 35 сантиметр расидааст. Аксари тармаҳо дар минтақаи Варзоб фаромадааст.Аксари тармаҳо дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рехта буд.
IRS мегӯяд, ба макони тармафароӣ техникаҳои пуриқтидори ширкат сафарбар шуд.
Вазорати нақлиёт аз ронандагон даъват кард, ки дар рӯзҳои хатарнок ба сафари дур набароянд ва ҳангоми сафар қатъиян қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд.