Нигаронии мақомот аз ҳолати ғайрисанитарӣ дар маконҳои таърихии вилояти Суғд

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд барои озода нигоҳ доштани маконҳои таърихӣ муроҷиатномаи вижа нашр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Мақомоти вилояти Суғд аз шикоятҳо дар бораи ифлос будани маконҳои таърихии вилоят изҳори нигаронӣ кард.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд мегӯяд вақтҳои охир ба ин ниҳод шикоятҳои зиёде ворид гардиааст.

"Боиси ташвиш аст, ки вақтҳои охир ба марказҳои санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои Суғд шумораи зиёди шикоятҳо оид ба ҳолатҳои ғайри санитарӣ дар ҷойҳои таърихӣ, ҷамъиятӣ, ошхонаҳо ва тарабхонаҳо ворид гардида истодааст", - омадааст дар муроҷиатнома.

Марказ ҳушдор додааст, ки чунин ҳолатҳо метавонад боиси хатарҳои ҷиддӣ барои саломатии аҳолӣ ва афзоиши бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ гардад.
Бо ин мақсад, Маркази эпидемиологӣ аз соҳибкорон, масъулин ва шаҳрвандон даъват кардааст, ки қоидаҳои одитарини санитарӣ ва гигиениро қатъиян риоя намуда, аз истифода ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти муҳлаташ гузашта худдорӣ намоянд.
"Ҷойҳои таърихӣ, ҷамъиятӣ, ошхонаҳо ва тарабхонаҳоро мунтазам тоза нигоҳ дошта, кӯчаву хиёбонҳоро ифлос накунанд ва партовҳоро дар ҷойҳои махсус партофта, маданияти шаҳрнишиниро риоя кунанд", - таъкид кардааст Маркази эпидемиологӣ.
Боздиди сайёҳон аз Тоҷикистон бештар шудааст: бештар аз ИДМ
Ин ниҳод мегӯяд, масъалаи беҳдошт ва тозагӣ бо зиёдшавии теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба вилоят аҳамият пайдо мекунад.
Ин дар ҳолест, ки дар нуҳ моҳи соли 2025 шумораи меҳмонони хориҷие, ки тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилоят Суғд ба ин минтақа ворид гардидаанд, беш аз 1 млн нафарро ташкил дод.