ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Аз 21 март то 22 октябри соли 2025, Эрон ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба маблағи 1,2 миллиард доллар маҳсулоти ғайринафтӣ содир кардааст.
Дар ин бора ахиран Котиби шӯъбаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Созмони рушди тиҷорати Эрон Илҳом Ҳоҷӣ-Каримӣ, хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, дар ин давра бештари содироти Эрон ба Беларус ва баъд аз он ба Арманистон сурат гирифтааст.
Вай таъкид кард, ки Эрон дорои имкониятҳои бузург барои содироти маҳсулоти худ ба бозори фоидаовари содиротии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, бахусус дар категорияҳои маҳсулот, аз қабили автомобилҳо, қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо, нассоҷӣ, либос, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайра мебошад.
Оқои Каримӣ ҳамчунин дар бораи 4-умин Намоишгоҳи Байналмилалии Тиҷоратии АвруОсиёро, ки аз 1 то 4 феврали соли 2026 дар Эрон баргузор мешавад, шарҳ дод.
"Ин намоишгоҳи бонуфуз ҳайатҳои тиҷоратиро аз кишварҳои Осиё ва минтақа ҷамъ меорад ва инчунин мулоқоти сатҳи баландро бо вазирон ва мақомоти баландпоя барои баррасии масъалаҳои калидии тиҷоратию иқтисодӣ, аз қабили Созишномаи озоди тиҷоратӣ ва ғайра, дар бар мегирад", -- гуфт вай.
Ин мақомдор илова кард, ки 4-умин Намоишгоҳи Байналмилалии тиҷоратии АвруОсиё як намоишгоҳи бонуфуз аст, ки ба фаъолони иқтисодӣ, тоҷирон ва истеҳсолкунандагони эронӣ, инчунин кишварҳои узви Иттиҳод имкон медиҳад, имкониятҳои мавҷударо барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Эрон беҳтар дарк кунанд.