ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар Давос масъалаи дороиҳои Русия дар музокироти сулҳи Украина ба миён гузошта мешавад.
Дар ин бора, сарвазири Белгия Барт де Вевер гуфтааст.
"Вақте, ки созишномаи сулҳ ба даст меояд, дороиҳо дар мизи музокирот хоҳанд буд", - гуфт ӯ.
Ин дар щолест, ки Владимир Путин рӯзи панҷшанбе бо Уиткофф ва домоди президенти ИМА Ҷаред Кушнер музокирот хоҳад кард.
Онҳо барои идомаи муколама дар бораи ҳалли масъала ба Маскав сафар мекунанд. Тавре ки қаблан Bloomberg хабар дода буд, ҳайати Амрико мехоҳад кафолатҳои амниятиро барои Киев баррасӣ кунад ва лоиҳаҳои нақшаҳои хотима додан ба низоъро пешниҳод кунад.
Уиткофф ва Кушнер бори охир бо Путин дар Кремл аввали моҳи декабр мулоқот карданд. Ҷонибҳо моҳияти ташаббуси сулҳи ИМА барои Украинаро баррасӣ карданд, аммо натавонистанд созиш пайдо кунанд.
Ба қавли президент, Вашингтон 27 банди нақшаи аввалияро ба чор баста тақсим кард ва пешниҳод кард, ки онҳоро алоҳида баррасӣ кунанд.