Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зеленский Трампро танқид кард ва мардуми Украинаро дар ҳайрат гузошт

Бори аввал аст дар муддати тӯлонӣ Зеленский ҷуръат кард, Трампро ошкоро танқид кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Бори аввал дар муддати тӯлонӣ Владимир Зеленский ҷуръат кард ба президенти ИМА Доналд Трамп норозигии худро баён кунад, навиштааст нашрияи Страна.ua.
Ин тавр ин нашрия ба тахир андохтани музокироти раҳбари амрикоӣ ва Украина дар Давосро шарҳҳ дод.
"Зеленский, шояд бори аввал пас аз моҷарои фаромӯшнашаванда дар Кохи сафед, ҷуръут кардж норозигии пинҳонкардаашро нисбат ба Трамп баён кунад. Ӯ дар бораи сиёсати Трамп якчанд шарҳҳои эҳтиёткорона ва манфӣ дод. Ӯ инчунин аз соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Дания, ки Трамп қасд дорад қисме аз онро (Гренландия) ба худ ҳамроҳ кунад, пуштибонӣ кард", - гуфта мешавад дар мақола.
Ба гуфтаи нашрия, Зеленский аз мулоқот бо раҳабари Кохи Сафед дар Давос бинобар набудани пешрафт дар музокироти Украина ва Амрико дар Майами, инчунин барои пешгирӣ аз ихтилоф бо президенти ИМА дар мавриди Гренландия худдорӣ кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия системаи мушакии “Бук”-ро нобуд карданд: Видео
Қаблан, рӯзноманигори Axios Барак Равид бо истинод ба як мақоми украинӣ хабар дод, ки агар Зеленский бо президенти ИМА Доналд Трамп барои имзои созишнома дар бораи барқарорсозии Украина мулоқот ташкил кунад, метавонад ба Давос сафар накунад. Аз ҷониби худ, Politico хабар дод, ки мулоқоти онҳо айни замон ба нақша гирифта нашудааст.
Блогнависи украинӣ Анатолий Шарий хабар дод, ки суханронии Зеленский дар Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ дар Давос, ки аз 19 то 23 январ баргузор мешавад, лағв шудааст.
Баъдтар, канали телевизионии украинии Novosti.Live бо истинод ба намояндаи дафтари режими Киев, иддао кард, ки суханронии Зеленский дар форум умуман ба нақша гирифта нашуда буд.