Содироти Гурҷистон ба Тоҷикистон 431% афзоиш ёфтааст

Тоҷикистон миёни даҳ дар кишваре қарор гирифтааст, ки Гурҷистон бештар аз ҳама маҳсулот содирот мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Содироти молу маҳсулот аз Гурҷистон ба Тоҷикистон ба 431% афзоиш ёфта ба 179 миллион доллар расидааст.
Дар байни шарикони асосии тиҷоратии Гурҷистон дар соли 2025 бештар аз ҳама ба Тоҷикистон интиқоли молҳои сурат гирифтааст.
Пас аз Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон, Тоҷикистон кишвари дигаре аз Осиёи Марказӣ будааст, ки ба феҳристи даҳгонаи содиротӣ ворид шуд.
Тибқи омори расмӣ давлати Гурҷистон, сарфи назар аз афзоиши бозсодирот (реэкспорт)-и мошинҳо аз Гурҷистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз замони оғози ҷанги Русия ва Украина дар соли 2022, содирот ба Тоҷикистон дар солҳои 2023-2024 ночиз боқӣ монд.
Аммо, дар соли 2025, 90%-и содироти мошинҳо ба Тоҷикистон рост омадааст, ки афзоиши содиротро таъмин намудааст.
Тибқи омор, дар давраи ҳисоботии соли гузашта ба Тоҷикистон 7592 мошин ба маблағи 162,289,000 доллар фурӯхта шудааст, ки ин 6,5 маротиба афзоишро нишон медиҳад.
Тоҷикистон ба хориҷ ба маблағи 27 млн. сомонӣ дору содирот кардааст
Бояд қайд кард, ки содироти мошинҳо ба Тоҷикистон дар солҳои қаблӣ ҳам буд ва нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ содирот дар сатҳи муътадил қарор дошт. Аммо, соли гузашта ба таври назаррас 568% афзоиш ёфтанд.
Ҳиссаи молҳои дигаре, ки ба Тоҷикистон фурӯхта шудаанд, ночиз буд.
Гурҷистон 10 маҳсулоти асосиие, ки ба Тоҷикистон содирот мекунад номбар кардааст. Тибқи иттилоъи манбаъ, Гурҷистон мошинҳои сабукрав, дору, Сианид, лимонад, Оби минералӣ ва газдор, маҳсулоти хӯрокворӣ, булдозер, банан, спирт ва ғайра ба Тоҷикистон содирот кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ба Гурҷистон дар соли 2025, дар маҷмӯъ ба маблағи 996 ҳазор доллар маҳсулот харидааст.
Гурҷистон бештар аз Тоҷикистон донагиву чормағз, либосҳои истифодашуда ва дору харидорӣ кардааст.