Ҳаракат дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди пойтахт ба танзим дароварда мешаванд

Шаҳрдории Душанбе мехоҳад вазъро дар роҳҳои пойтахт беҳтар ва тамбашавиро бартараф намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ахиран дар шаҳрдорӣ ҷаласаи корӣ барои беҳтар намудани вазъи ҳаракат дар роҳҳои пойтахт баргузор шуд.
Қайд карда шудааст, ки бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди пойтахт, гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст.
Ин гурӯҳи корӣ дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, таъсис дода шудааст.
Қайд карда шудааст, ки зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани вазъи ҳаракат дар роҳ, пешгирии қоидавайронкуниҳо, бартараф намудани тамбашавӣ, коҳиш додани ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ, истифодаи самараноки камераҳои назоратӣ ва технологияҳои муосир дар идоракунии ҳаракат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ин ҷаласа қайд карда шуд, ки татбиқи тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбута метавонад ба баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат дар роҳҳо мусоидат намояд.
Дар роҳҳои Тоҷикистон чӣ қадар нақлиёт ҳаракат мекунад
Ёдовар мешавем, ки солҳои ахир дар шаҳр теъдоди мошинҳои сабукрав ба маротиб афзоиш ёфтааст, ки боиси тамбашавӣ давомдор шудааст.
Қабоан Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз тамбашавии мошинҳо дар роҳҳо, бахусус дар ҷодаҳои пойтахт ва дигар шаҳрҳои калони кишвар, изҳори нигаронӣ карда, ин ҳолатро яке аз мушкилоти асосиии соҳаи роҳу нақлиёт донист.
Вазир илова кардааст, ки тамбашавӣ дар роҳҳо, боиси дер расидани сокинон ба кор, садамаҳо, сарфи зиёди сӯзишворӣ, ифлосшавии ҳаво, фарсудашавии воситаҳои нақлиёт ва асабонияти ронандагону мусофирон шуда, ба кори хадамоти фаврӣ, аз қабили “Ёрии таъҷилӣ” халал ворид мекунад.
Азим Иброҳим сабабҳои асосии тамбашавиро афзоиши аҳолӣ ва шумораи воситаҳои нақлиёт арзёбӣ кардааст.
Ба иттилои ӯ, ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ дар кишвар 701 ҳазору 231 воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 64 ҳазору 938 адад (ё 10,8%) зиёд аст. Аз ин 53967 мошини боркаш, 16520 мусофирбар, 606296 сабукрав, 6007 воситаҳои нақлиёти махсус ва 18441 мотосикл мебошад.