Эҳтиёткор бошед: Бонки миллӣ аз шаклҳои нави қаллобӣ хабар дод

Бонки миллии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш кардааст, ки маълумоти махфӣ ва шахсиро ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ кас надиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифодаи кортҳои пардохтӣ, замимабарномаҳои мобилии бонкӣ ва хизматрасониҳои онлайнӣ ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
Бонки танзимгар таъкид кардааст, ки қаллобон метавонанд худро корманди ташкилоти қарзии молиявӣ, оператори мобилӣ ё “маркази дастгирӣ” муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб маълумоти махфиро ба даст оранд.
Бонки миллӣ хоҳиш кардааст, ки маълумоти махфиро шаҳрвандон ҳеҷ гоҳ ба касе надиҳанд
“Ҳеҷ гоҳ ба шахсони дигар, ҳатто агар худро корманди ташкилоти қарзии молиявӣ муаррифӣ кунанд маълумот шахсӣ, ба монанди рақамҳои корт, рамзи ПИН ё рамзҳои якдаъфаинаи СМС- паёмакҳоро пешниҳод накунед”, - таъкид кардааст БМТ.
Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, ки ҳангоми зангҳо ё паёмҳои шубҳанок саросема нашаванд ва ҳеҷ гоҳ рамзҳои якдафъаина (SMS/OTP), PIN-рамз, гузарвожа (парол) ва маълумоти кортро ба касе надиҳанд - ҳатто агар шахс худро корманди ташкилоти қарзии молиявӣ ё ширкати мобилӣ муаррифӣ намояд.
Гардиши криптоасъор дар Тоҷикистон иҷоза ҳаст ё на? Посухи Бонки миллӣ
Ҳамчунин Бонк тавсия додааст, ки ба пайвандҳои ношинос ва шубҳанок надароянд.
“Онҳоро накушоед ва барномаҳои ношиносро насб накунед, барои санҷиш ва гирифтани кӯмак танҳо ба рақамҳо ва шабакаҳои расмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ муроҷиат карда, аз замимабарнома ва сомонаи расмӣ истифода баред”, - таъкид кардааст Бонки миллӣ.