Лебедев: ИДМ тавонист то ҳадди имкон оқибатҳои таҳримҳои Ғарбро коҳиш диҳад

Дабири кулли ИДМ гуфт, ки кишварҳои ИДМ дар ҳамбастагӣ ба таҳримҳои кишварҳои Ғарб посух медиҳем ва ба фишори беруна муқовимат хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якҷоя тавонистанд таъсири таҳримҳои Ғарбро сабуктар кунанд, гуфт Дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев ба хабаргузории РИА “Новости”.
"Мо бо ҳамбастагӣ посух медиҳем ва ба мушкилоти ҷаҳонӣ ва фишори беруна муқовимат мекунем. Бо талошҳои муштарак, мо фаъолона саноатсозии ҷойгузини воридотро пеш мебарем, ки ба мо имкон дод таъсири таҳримҳои ғайридӯстонаро коҳиш диҳем", - гуфт Лебедев.
Вай қайд кард, ки ҳамкорӣ дар саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ натиҷаҳои мусбат медиҳад.
"Ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия — он бахшҳое, ки дар онҳо ҳамкории фаромарзӣ махсусан муҳим аст — фаъолияти бефосилаи онҳо ва татбиқи васеи иқтидори транзитиро таъмин мекунад. Ҳамин тариқ, сарфи назар аз маҳдудиятҳо ба ҷараёни боркашонии транзитӣ, дар нӯҳ моҳи аввали соли 2025 1166,8 миллион тонна бор тавассути роҳи оҳани Иттиҳод ба Ғарб интиқол дода шуд, ки гардиши бор дар сатҳи соли 2024 қариб бетағйир монд. Баръакс, шумораи мусофирони байналмилалӣ ҳатто 13,6% афзоиш ёфта, ба 8,4 миллион нафар расид", — қайд кард Дабири кулл.
Лебедев: Созмони нави забони русӣ омили дигари муттаҳидкунадаи ИДМ мешавад
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин ташкилот ва созмони минтақавию байналхалқии калонтарин дар минтақаи пасошуравӣ ба ҳисоб меравад. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи декабри соли 1991 бо мақсади мусоидат ба раванди ҳалли масъалаҳои муҳимтарин дар марҳилаи ташаккули давлатҳои мустақил ва ҳифзи робитаҳои таърихии кишварҳои аъзо таъсис дода шуд.
Узви ин созмони байналмилалӣ Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон, Арманистон, Молдова, Узбекистон, Белорус, Русия ва Қазоқистон мебошанд.