ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар вилояти Актобеи Қазоқистон амалиёти наҷоти 46 мусофири автобусе, ки аз Екатеринбурги Русия ба Хуҷанд мерафт, анҷом дода шуд.
Мошин дар шоҳроҳи ноҳияи Айтекебӣ вайрон шуд ва натавонист роҳи худро идома диҳад.
Бо талошҳои муштараки Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон ва мақомоти маҳаллӣ, ҳамаи мусофирон, аз ҷумла шаҳрвандони Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон, инчунин як ронанда аз Қазоқистон, бехатар ба нуқтаи гармидиҳӣ дар деҳаи Жургенов интиқол дода шуданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии агентӣ, дар паи ин ҳодиса касе осеб надидааст. Ба ҳамаи мусофирон кумаки зарурӣ расонида шудааст.
Қаблан, наҷотдиҳандагон 81 шаҳрванди хориҷиро аз автобус дар шоҳроҳи вилояти Акмолин берун оварданд - ки ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.
Ба гуфтаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон, дар байни онҳо 17 кӯдак буд.