Дар Русия қоидаҳои муоинаи тиббӣ барои муҳоҷиронро сангинтар мекунанд

Се лоиҳаи қонун дар бораи дастгирӣ, назорат ва эътимоднокии тасдиқи бехатарии саломатии муҳоҷирон барои баррасӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв - Sputnik. Дар Русия қоидаҳои муоинаи тиббии муҳоҷирон сангинтар мешавад.
Инро Ирина Яровая, муовини раиси Думаи давлатӣ ва раиси Кумитаи сиёсати муҳоҷирати Дума, эълон кард.
Муҳоҷирон муваззаф мешаванд, давоми 30 рӯз пас аз вуруд ба Русия аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонун дар ин бора пешниҳод шудааст. Қаблан ин мӯҳлат 90 рӯз буд.
Муовини раиси Думаи давлатӣ Ирина Яровая изҳор дошт, ки муоинаи тиббии солона барои муҳоҷироне, ки беш аз се моҳ ба Русия меоянд, ҳатмӣ хоҳад буд. Вай қайд кард, ки ҷарима барои саркашӣ аз муоинаи тиббӣ дувоздаҳ маротиба зиёд карда шуда, то 25 - 50 ҳазор рубл хоҳад расид.
Илова бар ин, ба гуфти ӯ, додгоҳҳо дар ҳолати зарурӣ метавонанд қонуншиканонро ихроҷ кунанд.
Ҳамчунин барои пардохти баъди муҳлати муқараршуда ҷаримаҳо, ҳамчун чораи иловагии интизомӣ барои таъмини бехатарӣ боз ҷарима ҷорӣ карда мешаванд.
Дар Русия барои фарогирии кӯдакони муҳоҷирон ба мактаб қоидаи нав ба амал медарояд
Ғайр аз ин, дар лоиҳаҳои қонунҳо ҷазоҳо барои клиникаҳое пешбинӣ шудаанд, ки тартиби гузаронидани муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷиро вайрон мекунанд.
Барои риоя накардани қоидаҳо, ташкилотҳо бо ҷарима аз 300 000 то 1 млн рубл ё боздоштани фаъолият ба муддати 14 то 90 рӯз рӯбарӯ мешаванд.
Муҳоҷироне, ки аз шаҳодатномаҳои тиббии қалбакӣ истифода мебаранд, бо зиндон шудан ба муддати то чор сол ва ҷарима аз 500 ҳаз. то 1 млн рубл рӯбарӯ мешаванд.