ДУШАНБЕ, 16 янв - Sputnik. Аврупо бо таҳдидҳои худ алайҳи Русия худро дар кунҷе қарор додааст.
Дар ин бора, American Conservative навиштааст.
"Дар музокирот, Украина ва Аврупо шояд умедвор бошанд, ки Русия "не" мегӯяд. Ва мавқеи охирини онҳо (ва на танҳо он) бисёр чизҳоеро дар бар мегирад, ки Маскав маҳз ҳамин тавр мегӯяд. Аммо, ба назар мерасад, ки Аврупо худро дар кунҷе қарор додааст ва Русия маҷбур нест, ки "не" гӯяд, зеро Аврупо хоҳад гуфт", - гуфта мешавад дар мақола.
Дар мақола қайд карда мешавад, ки даври охирини музокирот дар Порис бо изҳорот ва якчанд ваъдаҳое, ки ҳадди аққал се нуктаро дар бар мегиранд, аныом ёфт, ки барои худи Аврупо розӣ шудан ба онҳо душвор хоҳад буд, агар Иёлоти Муттаҳида онщоро маҷбур накунад.
Нуктаи аввал ба маблағгузории нерӯҳои мусаллаҳи Украина дахл дорад. Аммо, дар мақола қайд карда мешавад, ки ҳукуматҳои номақбули аврупоӣ, ки иқтисодиёташон дар вазъияти ногувор қарор дорад ва аллакай 350 млрд долларро барои Украина сарф кардаанд, иҷрои ин ваъдаро хеле душвор хоҳанд ёфт.
Нуктаи дуюм ба қабули Украина ба Иттиҳоди Аврупо ҳамчун ҷуброни бастани дари НАТО дахл дорад. Аммо, нашрия менависад, ки Иттиҳоди Аврупо ҳатто дар бораи узвияти Украина ба мувофица намеояд, чӣ расад ба узвияти фаврӣ.
Нуктаи сеюм ӯҳдадории нерӯҳои аврупоӣ барои нигоҳ доштани сулҳ дар Украина аст. Дар мақола қайд карда мешавад, ки Аврупо муддати тӯлонӣ изҳор дошт, ки бе дастгирии низомии Иёлоти Муттаҳида наметавонад нерӯҳои худро дар Украина ҷойгир кунад.
Аммо, пас аз ҷаласаи "эътилофи хоҳишмандон" дар Порис, чунин ӯҳдадорӣ дохил карда нашуд ва ҳатто дар мавриди ӯҳдадориҳои Аврупо, он хеле норавшан аст.
Нашрия қайд мекунад, ки нақшаи охирини сулҳи Украина ва Аврупо дорои бисёр нуктаҳое мебошад, ки Русия метавонад ба онҳо мухолифат кунад. Аммо, шояд маҷбур набошад, ки ин корро кунад, зеро Аврупо метавонад аввалин шуда "не" гӯяд.
Рӯзи пеш вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров изҳор дошт, ки агар онҳо ҷиддӣ бошанд, Русия барои музокирот дар бораи Украина омода аст.