Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳангии шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд

Фармон дар бораи баргузории чорабиниҳои дахлдор имсол аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 янв - Sputnik. Душанбе дар соли 2026 мизбони Рӯзҳои фарҳангии шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон мешавад.
Ин аз ҷадвали чорабиниҳои ҷашнӣ ва солгардӣ, фестивалҳо ва намоишгоҳҳое, ки бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудаанд, бармеояд.
Гуфта мешавад, ки ин чорабиниҳо ба 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад, бахшида мешаванд.
Рӯзҳои фарҳангӣ дар тӯли соли 2026 идома хоҳанд ёфт. Тибқи нақша, ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ барномаҳои худро дар пойтахт муаррифӣ хоҳанд кард: Суғд ва Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.
Ҷашнвораи байналмилалии сӯзанӣ дар Панҷакент бошаҳомат доир шуд
Ёдовар мешавем, Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон ҷашни асосии миллии кишвар аст, ки ҳамасола 9 сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Барои таҷлили ин ҷашн, одатан дар кишвар рӯзҳои иловагии идҳо муқаррар карда мешаванд.