Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зеленский дар бораи шарикони худ изҳори назар кард

Зеленский дар бораи мушкилоти хариди силоҳи ИМА, ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад, вокуниш кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Владимир Зеленский дар суханронии шоми худ дар масъалаи харидани силоҳ аз ИМА бо истифода аз маблағҳои аврупоӣ изщори назар кард.
"Муҳим аст, ки ҳамаи созишномаҳо бо шарикони мо самаранок ва саривақт амалӣ карда шаванд", - гуфт ӯ.
Зеленский афзуд, ки барномаи хариди силоҳи PURL, ки аз ҳисоби саҳмҳои шарикони аврупоӣ маблағгузорӣ мешавад, бояд васеъ карда шавад.
Вай инчунин шикоят кард, ки аз аввали сол инҷониб корҳои кофӣ анҷом дода нашудаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленский пас аз зарбаи “Орешник” асабонӣ шуд
Ёдовар мешавем, ки сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ Мария Захарова қаблан изҳор дошт, ки қарори кишварҳои Иттищодияи Аврупо барои идома додани маблағгузории режими Владимир Зеленский низоъро тӯл мекашад ва тасдиқ мекунад, ки Аврупо намехоҳад дар кишвар сулҳ бошад.
Вай афзуда буд, ки қарзе, ки ба Украина дода мешавад, дар оянда ба дӯши худи шаҳрвандони аврупоӣ хоҳад афтод.