Вазорати нақлиёт: Роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ таъмир мешавад

Тоҷикистон бо як ширкати кувайтӣ барои таъмир ё бозсозии роҳи мушкилгузари Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ шарнома баст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Созишмнома байни вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “NARCO” - и Кувайт, ки чанде пеш ба имзо расида буд,аз 12 январи соли 2026 эътибор пайдо кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст.
Ба иттилои вазорат, дарозии роҳ 162 километрро ташкил медиҳад.
Сохтмони он дар ду қисмат, аз ноҳияи Айнӣ то маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва аз он ҷо то деҳаи Деҳҳисори ин ноҳия ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, дар роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ бунёди 27 пули мошингард ва 405 қубури обгузар дар назар аст.
Вале дар хабарномаи вазорат гуфта нашудааст, ки бунёди ин роҳ кай оғоз мешавад ва кай ба анҷом мерасад.
Вазорати нақлиёт аз сохтмони чанд пул дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Восеъ ва Бадахшон эълон кард
Дар ҳоли ҳозир ба иттилои вазорат ширкати машваратии "NARCO"-и Кувайт ҳамроҳ бо "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ – ПЛИН"-и Вазорати нақлиёт ба таҳияи лоиҳаи роҳ шуруъ кардаанд.
Бояд гуфт, ки роҳи мошингарди Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ солҳои 60-уми қарни гузашта сохта шудааст. Вале аз замони бунёд то имрӯз ин роҳ таъмир нашуда, ҳаракат дар он, бахусус дар фасли зимистон душвор ва хатарнок аст.