Тоҷикистону Эрон раводидро барои ронандагони ҳамлу нақли байналмилалӣ бекор карданд

Ба иттилои сафорати Эрон дар Душанбе низоми бидуни раводид барои ронандагони мошинҳои боркаш аз моҳи март оғоз меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Ронандагони ҳамлу нақли байналмилалӣ, дорандаи гузарномаи Эрон ва Тоҷикистон, аз таърихи моҳи март метавонанд аз ҳамаи нуқтаҳои марзӣ бидуни зарурати гирифтани раводид ба қаламрави якдигар сафар кунанд.
Дар ин бора сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар додааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки ин иқдом Бар асоси қарори Шӯрои вазирони Эрон ва созишномаҳои дуҷониба бо Тоҷикистон сурат гирифтааст.
"Акнун ронандагон ва ёварони ронандагони мошинҳои боркаши байналмилалӣ, ки шиносномаҳои муқаррарии Эрон ва Тоҷикистонро доранд, метавонанд бидуни раводид ба қаламрави якдигар ворид шаванд", - қайд кардааст сафорат.
Қайд карда мешавад, ки ба ронандагон иҷозат дода мешавад, ки аз ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ убур кунанд.
Рушди 44 дарсадии содироти Эрон ба Тоҷикистон
Ҳамчунин ронандагон барои муддати 30 рӯз дар ҳар давраи замони 90 рӯза дар хоки якдигар иқомат намоянд.
Интизор меравад, ки ин тадбир интиқоли байналмилалиро содда кунад, ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодиро тақвият диҳад ва самаранокии логистикиро байни ду кишвар беҳтар созад.