Вазорати дифоъи Русия наворҳои нобудсозии паҳподҳои артиши Украинаро нашр кард

Масъулони идоракунии низоми бесарнишини "Буревестник" полки ҷудогонаи низомӣ ва дастаҳои оташандози сайёр ҳамарӯза паҳподҳои артиши Украинаро сарнагун месозанд
Sputnik
Масъулони идоракунии ҳавопаймоҳои бесарнишини иктишофӣ ва ҳамлавар шабонарӯзӣ фазои ҳавоиро дар минтақаи хатти ҷабҳа назорат мекунанд.
Дар навор нобудсозии ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина нишон дода шудааст. Ин ҳавопаймоҳо қодиранд масофаҳои дурро тай карда, маводи таркандаи пуриқтидорро интиқол диҳанд.
Зеленский дар бораи шарикони худ изҳори назар кард
Хотиррасон мекунем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад.
Президенти Русия Владимир Путин рисолати онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кардааст. Ба қавли ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.