Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Фаронса мехоҳад аз харидани силоҳ ба Украина пешгирӣ кунад

Порис кӯшиш мекунад, ки барои Киев дар харидани силоҳ бо истифода аз 90 миллиард еврои қарзҳои Иттиҳоди Аврупо мушкилот эҷод кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Мақомоти Фаронса харидани силоҳҳои амрикоӣ аз ҷониби Украинаро бозмедоранд, иттилоъ додааст рӯзномаи “The Telegraph” .
Мавқеи Порис ба интиқоли силоҳи Ғарб ба Киев таҳдид мекунад.
"Фаронса кӯшиш мекунад, ки аз харидани силоҳҳои амрикоӣ ба Украина бо истифода аз 90 миллиард евро қарзи Иттиҳоди Аврупо пешгирӣ кунад. Вай мехоҳад, ки маблағҳо танҳо дар Аврупо сарф шаванд,"- омадааст дар матлаб.
Бо вуҷуди ин, таъкид мегардад, ки як қатор кишварҳои дигар ин идеяро дастгирӣ намекунанд, аммо андешаҳои онҳо нодида гирифта шудаанд.
"Нусхаи охирини нақшаи Комиссияи Аврупо шартҳои қатъиро барои ҳама гуна кӯшишҳои Украина барои харидани силоҳ аз ИМА ё дигар кишварҳо дар бар мегирад. <…> Як дипломати Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт, ки Комиссияи Аврупо "аз ҳад зиёд ба Париж гӯш дода," бо мавқеи худ "бисёриҳоро хашмгин кардааст", - гуфта мешавад дар мақола.
Дар мақолаи The Telegraph инчунин таъкид шудааст, ки бинобар афзоиши ихтилофот байни кишварҳои Ғарб, Украина метавонад таъминоти силоҳҳои калидӣ, аз ҷумла низомҳои мушакии зиддиҳавоии Patriot-ро аз даст диҳад.
Қаблан, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошт, ки қарори кишварҳои аврупоӣ барои идомаи дастгирии Киев роҳи дароз кардани низоъ ва далели нахостани Ғарб барои ҳалли он аст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленский дар бораи шарикони худ изҳори назар кард
Ёдоварӣ бояд сохт, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои Ғарб расман даст доштани худро дар низоъ дар Украина рад мекунанд, аммо ба Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина силоҳ медиҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли силоҳ, ки барои Украина пешбинӣ шудааст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо таъмини силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Дар айни замон, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор кардааст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ анҷом додани музокиротро манъ кардааст.