Ба Узбекистон бештар аз ҳама барои табобат тоҷикистониҳо рафтаанд

Миёни шаҳрвандони хориҷие, ки ба Узбекистон барои табобат рафтаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв - Sputnik. Бино ба иттилои Агентии милии омори Узбекистон, теъдоди тоҷиконе, ки дар кишвари ҳамсоя табобат гирифтаанд, 55,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар умум, ба Узбекистон давоми соли 2025 беш аз 80 ҳазор нафар ба табобат рафтаанд.
Ҳамин тариқ шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз 66% теъдоди умумии хориҷиёнеро ташкил медиҳад, ки ба Ӯзбекистон барои табобат сафар кардаанд.
Дар мақоми дуюм шаҳрвандони Қирғизистон (14,2 ҳазор нафар) ва Қазоқистон (7,6 ҳазор нафар) қарор доранд.
Аз Русия 1,8 ҳазор нафар барои табобат ба Ӯзбекистон рафтаанд.
Ноҳияи Ургути Узбекистон ба маркази ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт
Ба панҷгона Афғонистон низ ворид шудааст. 678 шаҳрванди ин кишвар худро дар бемористонҳои Узбекистон табобат кардаанд.
Бояд қайд кард, ки баъд аз хуб шудани равобити Тоҷикистону Узбекистон ва боз шудани сарҳад сафари шаҳрвандони ду кишвар ба таври назаррас зиёд шуд. Айни ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон барои тиҷорату таҳсилу саёҳат ба ин кишвар мераванд ва баръакс шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд.