ДУШАНБЕ, 13 янв - Sputnik. Ҷинояти одамрабоие, ки 25-сол қабл дар шаҳри Душанбе аз ҷониби як гурӯҳи муташаккили ҷиноятии силоҳбадаст содир гардида, то ин замон ноошкор боқӣ монда буд, аз ҷониби кормандони пулиси Душанбе ошкор ва гумонбарон дастгир карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 21 январи соли 2000, афроди номаълум Манучеҳр Шарипови 16-сола, писари Ҳақназар Шарипов, муовини додситони нақлиётии Тоҷикистонро, дар наздикии мактаби рақами 55, рабуданд.
Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст, тафтишот муайян кард, ки ин ҷиноят бо сабабҳои шахсӣ ва барои гирифтани фоидаи калон, бо дастури Худойназар Одинаев, раҳбари гурӯҳи муташаккили ҷинояткорӣ, содир шудааст.
Манбаъ хабар додааст, ки Абдулҳақ Самадов, Ривоҷиддин Одинаев ва дигарон, ки ҳама сокинони Ваҳдат буданд, низ дар ин ҷиноят даст доштанд.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе навраси рабудашуда дар деҳаи Тангайи Ваҳдат 65 рӯз зери назорати шахси мусаллаҳ нигоҳ дошта шудааст.
“Барои раҳоии ӯ аз волидонаш 50 ҳазор доллар талаб карданд ва сипас гирифтанд. Ҷинояткорон баъди гирифтани пул писарро раҳо карданд.
Қайд карда шудааст, ки айни замон, нисбати аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ тибқи қисми 2-юми моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
ВКД илова кардааст, ки Худойназар Одинаев соли 2013 ҳангоми муқовимат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пас аз содир кардани ҷинояти дигар кушта шудааст.
Аз тамоми гурӯҳ, Абдулҳақ Самадов боқӣ мондааст, ки ӯ низ боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст.
Ба иттилои ВКД аъзоёни дигари гурӯҳ дар ҳоли ҳозир дар пайгардӣ қарор доранд.