ДУШАНБЕ, 12 январ – Sputnik. Дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар шаҳри Кӯлоб Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик кушта шудааст.
Тибқи иттилои Федератсияи миллии муҳорибаи омехта, ин фоҷиа дар натиҷаи низоъ байни як гурӯҳ наврасон дар Тоҷикистон рух додааст.
Саъдуллоев ҳамагӣ 15-сол дошт. Ӯ аз захмҳои корд фавтид. Ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҳодисаро тасдиқ кард ва хабар додааст, ки дар пайи он ҳамчунин, ду нафари дигар захмӣ шуда, ҳоло дар беморхона бистарианд.
Тафсилоти ин ҳодиса маълум нест. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора ягон маълумот нашр накардааст.
Муҳаммадалӣ Саъдуллоев дар соли 2024 унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта ва қаҳрамони Тоҷикистон дар ин риштаро ба даст овардааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон дар шаҳри Душанбе ду наврас куштаву захиӣ шуданд.
Мақомот дар шаҳри ин ҳодиса гуфта буданд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сар задааст.