Дар ИИАО дар соли 2025 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст

Дар соли 2025 дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё афзоиши устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба қайд гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв - Sputnik. Тибқи иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО), дар тӯли 10 моҳи аввал истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳудуди ИИАО қариб 3% афзоиш ёфтааст.
Тавре вазири саноат ва комплекси агросаноатии КИАО Гоар Барсегян дар мусоҳиба бо “Российская газета” гуфт, афзоиш маҳсулоти кишоварзӣ дар тӯли тамоми сол идома ёфт.
“Пешгӯиҳо хушбинанд: ҳосили умумии ғалладонагӣ дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 4,3% бештар хоҳад буд, ҳамчунин ҷамъоварии ҳосили лаблабуи қанд 4,7%, картошка 5,6% ва меваю буттамева 8,9% зиёдтар пешбинӣ шудааст”, - гуфт Барсегян.
Вай ҳамчунин аз афзоиши истеҳсоли чорво низёдовар шуд.
“Шумораи паррандаҳо 2,4%, истеҳсоли шир 3% ва истеҳсоли тухми мурғ 2,7% афзоиш хоҳад ёфт”, - гуфт ӯ.
Тоқаев мегӯяд, ИИАО бояд тиҷораташро бо ҷануб, ҷаҳони Араб ва Осиё густариш диҳад
Гоар Барсегян таъкид кард, ки айни замон, бахши кишоварзӣ бино бар мушкилоти иқлим ва беруна каме дар шароити ҳассос қарор дорад ва Иттиҳод ба ин хатарҳо зуд вокуниш нишон медиҳад.
Ин мақомдор илова кард, ки дар давоми сол дар сатҳи ИИАО корҳои фаъол барои беҳтар кардани амнияти озуқаворӣ анҷом дода шуданд.
Вай афзуд, ки лоиҳаи эъломия дар бораи рушди бахши кишоварзӣ таҳия карда шуд, ки ба зудӣ ба роҳбарони ҳукуматҳо пешниҳод карда мешавад.