Бонки миллӣ маълумот дар бораи додани қарзҳо бо як фоизро рад кард

Бонки Миллии Тоҷикистон хотиррасон шуд, ки ҳама қарзҳо дар ҷумҳурӣ танҳо аз ҷониби муассисаҳои молиявӣ бо шартҳои худи онҳо дода мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв - Sputnik. иттилооти дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда дар бораи он ки гӯё Бонки миллии Тоҷикистон бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки танзимгар хабар додааст.
БМТ бори дигар таъкид кардааст, ки Тибқи қонунгузории кишвар Бонки миллӣ мақоми танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дорад ва он сиёсати пулию қарзиро амалӣ менамояд.
" Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла додани қарзро анҷом намедиҳад.
БМТ афзудааст, ки қарзҳо танҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, тибқи шарту меъёрҳои худи онҳо пешниҳод мегарданд.
Бонки миллӣ ба тағйирёбии қурби сомонӣ чӣ таъсир кардааст
Бонки миллӣ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ба хабару иттилооти носаҳеҳ бовар накунанд ва маълумоти расмиро танҳо аз манбаъҳои боэътимод пайгирӣ намоянд.