ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Ҳар гуна амалҳои террористии Украина беҷавоб нахоҳанд монд.
Дар ин бора Вазорати дифои Русия изҳор дошт.
"Дар посух ба ҳамлаи террористии режими Киев ба қароргоҳи президенти Русия дар вилояти Новгород, ки шаби 29 декабр рух дод, Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия ҳамлаи густарда ба иншооти муҳими Украина анҷом доданд. Ҳар гуна амалҳои террористии режими ҷинояткори Украина беҷавоб нахоҳанд монд", - таъкид кардааст вазорати дифоъ.
Ҳамлаи Артиши Украина ба қароргоҳи Путин
Шаби 28 ба 29 декабр, артиши Украина ба қароргоҳи президенти Русия дар вилояти Новгород ҳамлаи густурда анҷом доданд. Дар ин ҳамла 91 ҳавопаймои бесарнишин истифода шуд ва ҳамаи ҳадафҳои ҳавоӣ аз ҷониби нерӯҳои падофанди ҳавоии Русия нобуд карда шуданд.
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод, ки дар ин ҳамла ягон талафот ё хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
Ба гуфтаи ҷониби Русия, ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки музокироти фаъол бо Иёлоти Муттаҳида барои ҳалли низои Украина сурат гирифтааст. Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров гуфт, ки ин ҳамла аз гузариши режими Киев ба терроризми давлатӣ шаҳодат медиҳад, ки бознигарии мавқеи гуфтушуниди Русияро талаб мекунад.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков таъкид кард, ки Киев бо чунин таҳрикот талошҳои президент Доналд Трампро халалдор мекунад, аммо ин ба муколамаи байни Русия ва Иёлоти Муттаҳида таъсир намерасонад; президентҳо ба ҳамкорӣ идома хоҳанд дод. Ӯ афзуд, ки низомиён медонанд, ки чӣ гуна, бо чӣ ва кай ба ҳамлаи Украина посух диҳанд.
Кӯшиши ҳамлаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина аз ҷониби бисёр кишварҳо, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, Беларус, Эрон, Узбакистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Араб маҳкум карда шуд.