ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Сарвазири Итолиё Ҷорҷия Мелони изҳор дошт, ки Аврупо бояд бо Русия дар бораи Украина гуфтушунидро оғоз кунад ва аз таъйини намояндаи махсуси Иттиҳодияи Аврупо барои ҳалли масъалаи Украина ҷонибдорӣ кунад.
"Ман фикр мекунам, ки лаҳзае фаро расидааст, ки Аврупо бояд бо Русия гуфтугӯ кунад. Зеро агар Аврупо тасмим бигирад, ки дар ин марҳила музокирот танҳо бо як тараф гуфтугӯ кунад, ман метарсам, ки дар ниҳоят саҳми мусбат маҳдуд хоҳад шуд", - гуфт ӯ дар як нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи хонум Мелони, мушкили Аврупо дар гуногунии ақидаҳост.
"Аз ин рӯ, ман ҳамеша тарафдори таъйини фиристодаи махсуси аврупоӣ оид ба масъалаи Украина ҳастам - касе, ки ба мо имкон медиҳад, улоса барорем ва бо як овоз сухан гӯем", - гуфт сарвазир.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар Париж ҷаласаи сатҳи баланди "эътилофи хоҳишмандон" баргузор шуд, ки дар он, дар баробари дигар масъалаҳо, ба истилоҳ кафолатҳои амниятии Украина, аз ҷумла ҷойгиршавии нерӯҳои хориҷӣ, баррасӣ шуданд. Пас аз ин нишаст, сарвазири Бритониё Кир Стармер эълон кард, ки иштирокчиён эъломияеро дар бораи ҷойгиркунии нерӯҳо дар Украина пас аз ба даст овардани сулҳ қабул кардаанд.
Қаблан Владимир Путин изҳор дошт, ки Русия ҳама гуна нерӯҳои хориҷиро дар қаламрави Украина ҳамчун ҳадафҳои қонунии низомӣ баррасӣ хоҳад кард. Президент инчунин афзуд, ки ҳатто пас аз ба даст овардани созишномаи сулҳ, ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар он ҷо номуносиб хоҳад буд.