ДУШАНБЕ, 8 янв - Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар як ҷаласа муовинони навашро муаррифӣ кард.
Дарн ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ахиран ҷаласаи назди раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид, ки дар он масъалаи таъиноти кадрӣ дар мақомоти вилоят баррасӣ шуд.
“Бо қарори раиси вилоят ва дар асоси розигии хаттии Президенти Тоҷикистон аз 7 январи соли 2026 Солеҳзода Ашурбой - муовини раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисод ва Раҳмонзода Абдулло - муовини раиси вилояти Хатлон оид ба идеология таъин гардиданд”,- хабар додааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки раиси вилоят муовинони навтаъинро ба ин вазифаи ниҳоят пурмасъул табрик намуда, таъкид кард, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои президент талош намоянд.
Муовинони навтаъин зимни баромади худ, ваъда доданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои раисҷумҳур ва раиси вилоят ҳамеша талош хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистонт дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод.